Баргузории аксияи “Тозагии соҳил” дар шаҳри Бохтар
14 июли соли ҷорӣ дар асоси нақша чорабниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зистӣ шаҳри Бохтар дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор дар маҳалаи Ваҳдат, кӯчаи Кайҳонавардони шаҳр аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд.
Дар рафти баргузории аксияҳои мазкур наздики 200 нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуда, 2 киллометр канори заҳбури обгузаре, ки аз маҳҳалаи Ваҳдати шаҳри Бохтар мегузарад, аз партов ва алафҳои бегона тоза намуданд.
Чунин чорабиниҳои экологӣ дар дигар маҳалаҳо бо ҷалби аҳолӣ идома дошта, то ҷашни дар пеш истода масъулони муҳити зист тасмим доранд, дар самти тозагии муҳити зист корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд - иброз дошт Халилзода Шамсиддин мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар.