Аксияи «Тозагии соҳил» дар Кӯли Сарез
Рӯзҳои 3 ва 4 июли соли равон ҷиҳати амалишавии фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2022, №1 ва нақша чорабиниҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ дар Кӯли Сарези Ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон ба мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёҳо, каналу ҷӯйборҳо аксияи экологии «Тозагии соҳил» баргузор гардид.
Дар баргузории аксияи мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Директори Агентии обуҳавошиносии Кумита Қурбонзода А. Ф, муовини директори агении мазкур Шерализода Н., сардори стансияи ИРХТ дар Кӯли Сарез Алаёров М, масъулини Кӯли Сарез ва мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ иштирок намуданд.
Дар давоми 2 рӯз ба миқдори муайяни партовҳо аз мавзеи мазкур тоза карда шуда, ба партовгоҳ интиқол дода шуданд.