Ҷаласаи якуми Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд
5 июли соли 2022 дар Маркази бозомӯзии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ҷаласаи аввалини Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят баргузор гардид. Дар рафти он фаъолияти кори Комиссияи мазкур ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар нимсолаи якуми соли 2022 баррасӣ гардида, вазифаҳои минбаъдаи Сарраёсат ва зерсохторҳо бобати вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссияи вилоятӣ ва ҳам ба фаъолияти чунин комиссияҳо дар шаҳру ноҳияҳо муайян карда шуданд.
Ҷаласаи Комиссияи байниидоравиро сардори Сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. ҳамчун муовини раиси Комиссия дар вилоят ва мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Акбаров С. ҳамчун котиби Комиссияи мазкур, дар ҳузури муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. ва сардори Раёсати корҳои Кумита Салимзода Ш. гузаронида, дар баробари ин тибқи даъват муовини сардор, сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони масъули сарраёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо ҳамчун котибон ва аъзоёни Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар маҳал иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа оид ба масъалаи рӯзнома сармутахассиси масъули Сарраёсат баромад карда, дар бораи корҳои ба анҷом расонида маълумот дод. Ҳамзамон камбудиҳои зерсохторҳои Сарраёсат дар шаҳру ноҳияҳо қайд гардида, барои минбаъд такон бахшидан ба раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд як қатор вазифагузорӣ намуд.