Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 811
    30.06.2022
    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритус...

    Истифодаи техникаҳои борбардору  боркаш дар аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон                                                 


    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаҳои марказии шаҳраки Шаҳритус вобаста ба гузаронидани аксияҳои экологии “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” санаи 2 июл аксияи экологии “Тозагии маҳал”-ро ташкил ва баргузор намуд.

    Дар рафти баргузории аксияи мазкур партовгоҳҳои муваққатии кӯчаи Ваҳдат ва И. Сомонии ҷамоати шаҳраки Шаҳритус аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуда, партовҳо ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд. Аз тарафи бахш барои бардоштан ва интиқол додани партовҳо ба партовгоҳи расмии ноҳия 1 адад техникаи пуриқтидори “Мехлопата” ва 3 адад автомашинаҳои боркаш сафарбар карда шуд.

    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар оянда низ барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта истифода хоҳад бурд.