Вохӯрии иттилоотӣ дар ҷамоати шаҳраки Сомониён
Рӯзи 30 июни соли 2022 бо ташаббуси Маркази Орхуси Кумита дар якҷоягӣ бо шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти н. Рӯдакӣ бо иштироки аҳли кормандони ҷамоати шаҳраки “Сомониён” бо мақсади пешбурди бандҳои Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи амалигардонии “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” вохӯрии иттилоотӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ ва волонтёрон аз Кумита низ иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси ҷамоати шаҳраки “Сомониён” Пирзода Абдулло оғоз гардида, мавсуф дар бораи ҳамкории пайвастаи ҷамоати “Сомониён” бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар бартараф кардани муаммоҳои экологии шаҳрак, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои маърифатӣ миёни аҳолии шаҳрак ва гузаронидани аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” дар минтақаи селрави ноҳия бо номи канали Бачамазор ибрози андеша намуд.
Сипас сардори маркази Орхуси Кумита Ҷ. Яқубов дар бораи созишномаҳои амалкунандаи байналмилалӣ, ки Тоҷикистон ба онҳо ҳамроҳ аст, Конвенсияи Орхус ва механизми татбиқгардонии принсипҳои он, самтҳои фаъолияти Марказҳои Орхуси Тоҷикистон ва саҳми онҳо дар иҷро кардани нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба ҳозирин маълумот дод.
Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо миёни иштирокчиён доир ба иҷроиши ҳадафноки “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва амалигардонии бандҳои Конвенсияи Орхус табодули афкор сурат гирифт.