Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1017
    03.07.2022
    3 июли соли 2022 дар фурӯшгоҳи "Ашан"-и ш. Душанбе...

    Аксия дар фурӯшгоҳи “Ашан”                                               

    20220703_140223.jpg

    3 июли соли 2022 дар фурӯшгоҳи "Ашан"-и ш. Душанбе аксияи "Як рӯзи бе пакетҳои полиэтиленӣ" баргузор гардид. Маводи харидоришудаи мизоҷон дар халтаҳои пахтагин ва пакетҳои коғазин бо варақаҳои иттилоотӣ дар мавзуъҳои “Зарари пластика ба муҳити зист ва саломатии инсон”, “Муомилот бо партовҳо ва муҳити зист” пешниҳод карда шуд. Аз тарафи Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе барои харидорон викторина дар мавзуи "Чаро аз истифодаи пакетҳои пластикӣ бояд даст кашид?" гузаронида шуд.

    Тавре аз посухҳои аксар муштариён дар давоми баргузории аксияи “Як рӯзи бе пакети полиэтиленӣ” бармеояд,  онҳо нисбат ба таъсир ва зарари истифодаи пакетҳои полиэтиленӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон маълумоти кофӣ доранд.

    Барои посухи дурусту саҳеҳ ба иштирокчиёни фаъол халтаҳои аз нигоҳи экологӣ безарар ба таври ройгон тақдим карда шуд.