Баргузории маҳфили навбатии экожурналистон дар резервати биосферии Ромит
Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории клуби экожурналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 санаи 2 июли соли ҷорӣ маҳфили набатии экожурналистон дар резервати биосферии Ромити шаҳри Ваҳдат баргузор гашт.
Беш аз 20 нафар эъзои клуб нахуст шуда ба мавзеи резервати биосферии Ромит ташриф оварда, аз манзараҳои афсонавии ин диёр баҳравар гардиданд. Бо аъзои маҳфил муовини директори МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” Нажмуддинов Н. ва директори резервати биосферии Ромит Маҳмудов А. оид ба фаъолияти кунунӣ, дастоварду навгониҳои солҳои охири мавзеи мазкур ба таври муфассал маълумот доданд.
Сипас, баъди боздид намудани аъзои маҳфил аз парваришгоҳи намуди кабкҳои маҳаллӣ дар маркази бозомӯзии резервати мазкур аз ҷониби муовини директори МД “Ҳудуҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” Саидов Н. дарси навбатӣ гузаронида шуд, ки мавсуф оид ба қонуну қарорҳо ва барномаҳои дар ин самт қабулгардида дар шакли рӯйнамо маълумот дод.
Клуби экожурналистон, ки беш аз як сол дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ҳармоҳа аз дастовардҳои Кумита дар гӯшаву канори кишвар дидан менамоянд.