Ташрифи намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба резервати биосферии Ромит
1 июли соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба мамнуъгохи биосферии Роми ташриф оварданд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Товикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар назди меҳмонон сухани ифтитоҳӣ намуда, изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи манотиқи табиӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Зикр гардид, ки алҳол дар кишварамон майдони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,1 миллион гектарро ташкил медиҳад, ки ин 22% ҳудуди кишварро дар бар мегирад ва ин шумор дар соли 1990 танҳо 2,8% буд.
Барои меҳмонони воломақом барномаи пурмазмун ва намоишгоҳ ташкил карда шуда, аз ошноӣ бо фаъолияти маъмурияти резерват, осорхона, имкониятхои технологӣ, нонпазии суннатӣ (тандурӣ) ва нозу неъматҳои миллии тоҷикӣ меҳмонон таассуроти нек бардоштанд. Инчунин, барои меҳмонон аспсаворӣ, тенниси рӯи миз ва дигар машғулиятҳои фароғатӣ ташкил карда шуд. Бояд гуфт, ки ба баъзе мехмонон муяссар гардид, ки охуи Бухороро бо чашми худ бубинанд.
Ҳамзамон, бо ташаббуси ташкилкунандаи чорабинӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар он иштирокдорон фаъолона ширкат намуда, ҳар яке бо мақсади таҳкими муносибатҳои дустӣ ва рамзи сарсабзию шукуфоии табиат ниҳол шинониданд. Дар рафти аксияи мазкур 100 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, дар ҳудуди мамнуъгоҳ нишони боғи нав ботантана ифтитоҳ гардид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Кумитаи ҳифзи муҳити зист корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» даъват карда буд.
Чунин иқдомҳо имкон медиҳанд, ки ба меҳмонони хориҷӣ табиати нотакрори Ватанамон ва иқтидори бузурги Тоҷикистон дар соҳаи туризми экологӣ боз ҳам бештар муаарифӣ карда шавад.