Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1027
    30.06.2022
    30 июни соли ҷорӣ бо иштироки  раиси Кумитаи ҳифзи...

    Иштироки Шерализода Б. А. дар маросими оғози корҳои  сохтмонӣ дар бинои нави Кумита                                               


    30 июни соли ҷорӣ бо иштироки  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадон ба корҳои сохтмони бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз дода шуд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. зимни суханронии хеш аз ҷумла изҳор дошт, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.  Ин аст, ки тайи чанд соли охир дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ биноҳои маъмурии хуштарҳу замонавии соҳавӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои беҳтар гаштани шароити кории кормандон мусоидат менамояд. Ин ғамхориҳои пайваста моро водор месозад, ки кору фаъолияти худро ба таври зарурӣ ба роҳ монда, баҳри беҳдошти муҳити зисту таъмини амнияти экологии аҳолӣ ва дар умум баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон кӯшишу талош намоем.  

    Бинои сохташавандаи нави маъмурии Кумита дар буриши кӯчаи Шевченко  ва Бухорои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ гардида, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 марти соли 2021, № 167 барои сохтмони он  дар масоҳати 0, 30 гектар замин ҷуда карда шудааст.

    Бинои мазкур аз таҳхонаю 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳо, тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда, ҳуҷраҳои корӣ, анборҳо, толори маҷлис, миёнасарой, ҳуҷраҳои техникӣ,  ду адад лифти вазнбардориашон 630 ва 1000 кг,  роҳравҳо, нуқтаҳои санитарӣ, ҷойҳои  дастшӯӣ, ҳоҷҷатхонаҳо, шароитҳои зиддисӯхторӣ, утоқҳои лабораторӣ ва ҷойи муайян барои посбон сохта мешаванд.

    Сардори шуъбаи корҳои сохтмони маъмурии Кумита Панҷиев А. зимни муаррифии лоиҳаи бинои мазкур дар назди ҳозирин афзуд,  масолеҳи пешниҳодшуда аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар мебошад.

    Дар охир раиси Кумита таъкид намуд, ки бино тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи шаҳрсозӣ дар сатҳу сифати баланд бояд сохта шуда, солиёни зиёд барои фаъолияти кормандони ҳифзи муҳити зист хизмат намояд.

     IMG_5087.jpg  IMG_5113.jpg IMG_5076.jpg