Ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
28 июни соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 20 то 25 июни соли равон ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа, пас аз ифтитоҳ сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти якҳафтаинаи сорхторҳо ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.
Раиси Кумита Шерализода Б. А. аз ҳар як сардорони воҳидҳои сохторӣ оид ба фаъолияти ҳафтаинаи самти худ пурсон шуда, барои ҳафтаи оянда супоришҳои нав дод.
Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.