Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 872
    21.06.2022
    Тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи музити зисти назди Ҳукумати...

    Сафари кории муовини якуми раиси Кумита ба ноҳияи Мурғоб                                          


    Тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи музити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми раиси Кумита аз санаи 21 моҳи июни соли ҷорӣ барои таҷлили ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ дар якҷоягӣ бо мардуми ноҳияи Мурғоби ВМКБ сафар намуд. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ озмуни “Донандаи беҳтарини забони давлатӣ” дар ноҳия ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд ва чорабинӣ дар сатҳи баланд бо ширкати аҳолии ноҳия ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ВМКБ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ раиси ноҳия, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят суханронӣ намуда, сокинони ноҳияро бо рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуданд.

    Инчунин дар маркази ноҳия маркази будубоши рӯзонаи кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дар ҷамоати ба номи Бердибаеви ноҳияи мазкур сехи дӯзандагӣ барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ кушода шуд, ки дар оянда ноҳияро бо либосҳои мактабӣ таъмин менамояд.

     IMG_20220628_052435_966.jpg  IMG_20220628_052633_947 (1).jpg  IMG_20220628_052415_417.jpg