Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 915
    29.06.2022
    Муҳокимаҳо дар Гурӯҳи корӣ оид ба Барномаи ҷаҳонии гуногунии биологӣ...

    Ҷаласаи 4-уми гурӯҳи корӣ оид ба Барномаи глобалии гуногунии биологӣ                                           

    89808909.jpg

    Муҳокимаҳо дар Гурӯҳи корӣ оид ба Барномаи ҷаҳонии гуногунии биологӣ пас аз соли 2020 (WG2020) барои пешбурди гуфтушунидҳо оид ба Барномаи глобалии қолабӣ доир ба гуногунии биологӣ (GBF) пас аз соли 2020 кори худро аз нав шуруъ намуд.

    Гурӯҳи тамоси 3 оид ба дастрасӣ ва мубодилаи манфиатҳо, ки таҳти роҳбарии Гилиан Гутри (Ямайка) ва Габриэл Обермайр (Австрия) доир ба муҳокимаи ҳалли Ҳадафи 13 оид ба дастрасӣ ва мубодилаи манфиатҳо (ABS) баргузор гардид.

    Барои муҳокимаи минбаъдаи мақсад Гурӯҳи нав ташкил карда шуд, Вакилон, инчунин мубоҳисаро оид ба Ҳадафи 9 доир ба идоракунии устувор ва истифодаи намудҳои ваҳшӣ, ки барои ҳамаи одамон, бахусус ба онҳое, ки дар ҳолатҳои осебпазири иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ қарор доранд, оғоз карданд.

    Гурӯҳи тамоси 2 оид ба Ҳадафҳо доир ба коҳиш додани хатари биологӣ таҳти роҳбарии Теона Карчава (Гурҷистон) ва Розмари Патерсон (Зеландияи Нав), субҳи 22 июн бо мақсади муҳокимаи Ҳадафи 7 оид ба коҳиш додани ифлосшавӣ аз тамоми манбаъҳо то сатҳе, ки ба гуногунии биологӣ, экосистемаҳо ва саломатии инсон зарар намерасонанд, баргузор гардид. Тарафҳо, аз ҷумла, баҳс карданд, ки оё ифлосшавии нур ва садо ба омилҳои ҳифзи саломатии инсон дохил мешавад ё не, баъзе аз онҳо равиши “Саломатии ягона”-ро дастгирӣ карданд.

    Гурӯҳи тамоси 4 оид ба вазифаҳои марбут ба воситаҳо ва роҳҳои ҳалли татбиқ ва ҷорикунӣ, ки таҳти роҳбарии Анна Теллер (ИА) ва Хорхе Мурило (Колумбия) баргузор гардид, муҳокимаҳоро оид ба Ҳадафи 20 доир ба таъмини иттилоот ва донишҳои босифат, аз ҷумла донишҳои анъанавӣ, инноватсияҳо ва таҷрибаҳои мардуми таҳҷоӣ ва ҷамоаҳои маҳаллӣ (МТваҶМ - IPLCs) барои идоракунии самаранок, идоракунӣ ва мониторинги гуногунии биологӣ баргузор гардид. Баъдан гурӯҳ масъалаҳои зеринро баррасӣ кард: Ҳадафи 21 таъмини иштироки (МТваҶМ – IPLC) ҳангоми риояи ҳуқуқҳои онҳо ба замин, қаламрав ва захираҳо; Ҳадафи нави пешниҳодшудаи 22 оид ба занон ва ҷавонон; ва мушкилоти нави муайян кардани ҳадафҳои байнисоҳавӣ ва соҳавӣ оид ба истифодаи устувори захираҳои генетикӣ.

    Инчунин муҳокимаҳо дар гурӯҳои зерин баргузор гаштанд:

    •   Гурӯҳи тамосии 5 оид ба иттилоот оид ба пайдарпайии рақамии захираҳои генетикӣ; ва инчунин

    •       Гурӯҳи тамоси 6 дар фасли В оид ба принсипҳо ва равишҳои татбиқи Механизм.