Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамкорони азиз,
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Тамоми кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳуриро ба муносибати 25-солагии ба имзо расидани “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”, ки барои таҳкими ҳамаҷонибаи сулҳу суботи комил дар кишварамон фаъолона мусоидат кардааст, табрику таҳният намуда, пеш аз ҳама ба ҳамаи Шумо ва тамоми ҳамватанони азизам тинҷию осоиштагиро таманно менамоям.
Мардуми сарбаланди мо хуб дарк менамоянд, ки ваҳдати миллӣ аз арзишҳои волотарин барои ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар кишвари мо бо ҷоннисорӣ ва роҳбарии мардони соҳибхирад ба даст омада буд ва акнун 25 сол мешавад, ки моро дар амну осоиштагӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамон месозад.
Меъмори асосии Ваҳдати миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, ки сиёсати сулҳҷӯёнаи ин марди хирад имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст. Агар 25 сол пеш мақсад аз имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” таъмини пойдории амнияту оштӣ буда бошад, имрӯз мақсади он ба ояндаи босаодат расонидани мардуми Тоҷикистон аст. Зеро мардуми ранҷбару азиятдидаи мо тамоми мушкилоти даврони баъдиҷангиро паси сар карда, акнун ба марҳилаи ободию созандагии Ватан расидаанд ва зиндагии шоистаро сазовор мебошанд.
Рисолати ваҳдати миллӣ, ки мақсаду мароми тамоми ҷомеа гардидааст, имрӯзҳо торафт густариш меёбад. Вай дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа зуҳур намуда, амалан барои тараққиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад, ки дар тули 25 соли таърихи навин ба туфайли он Тоҷикистон ба муваффақиятҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ноил гардид.
Итминони комил дорам, ки кормандони ҳифзи муҳити зист дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, фаҳмондадиҳию тарғиботӣ фаъолона иштирок намуда, барои дӯстиву рафоқат, ягонагию муттаҳидии минбаъдаи аҳолии ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Бори дигар 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ба Шумо ва барои кулли кормандони соҳа, дӯстдорони табиати кишвар табрику таҳният гуфта, ба ҳар як ҳамватани азизамон зиндагии хуш, хонаи обод ва фаъолияти самараноки давлатию ҷамъиятиро таманно менамоям. Бигзор ваҳдати миллӣ, ки маҳсули инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмии якояки мо аст, ҳамеша поянда бошад ва моро ба сӯи шоҳроҳи саодату созандагӣ ҳидоят намояд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак.