Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 953
    24.06.2022
    24 июни соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ                                         

    IMG_4968.jpg

    24 июни соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

    Муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. матни табрикотии раиси Кумитро қироат намуда, тамоми кормандонӣ соҳавиро ба ҷашнвораи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод  намуд. Мавсуф зикр дошт, ки кишвари азизамон-Тоҷикистон маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ ба чунин дастовардҳои бузурги даврони Истиқлол ноил гардид. Хоссатан қайд гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва талошу кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии осоишта ва озодии комил насибамон гаштааст, чунки таҳкими истиқлолият ва пешрафту шукуфоии мамлакат ба шарофати сарҷамъии миллат ба мо муяссар гардидааст.

    Рисолати Ваҳдати миллӣ, ки мақсаду мароми тамоми ҷомеа гардидааст, имрӯзҳо торафт тавсиа ва густариш меёбад. Вай дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа зуҳур намуда, амалан барои тараққиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад, ки дар тули 25-соли таърих чӣ қадар муваффақиятҳои бузургро Тоҷикистон ба туфайли он ноил гардид.