Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 884
    23.06.2022
    23 июни соли 2022 дар меҳмонхонаи Румӣ...

    Семинар-машварати миллӣ оид ба механизмҳои маблағгузории сабзи Созишномаи Париж                                         


    23 июни соли 2022 дар меҳмонхонаи Румӣ, Душанбе семинар-машварати миллӣ оид ба механизмҳои маблағгузории сабзи Созишномаи Париж баргузор гардид. Ҳадафи баргузории семинар амалҳои сиёсӣ оид ба амнияти иқлим дар Осиёи Марказӣ, марҳилаи II мебошад.

    Дар семинари машваратӣ мавзуъҳо, аз ҷумла “Иштироки Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим”, “Конвенсияҳои байналмилалӣ ва пешбурди ташаббусҳои иқлим дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон”, “Ҷалби бахши хусусӣ дар пешбурди маблағгузории “сабз” дар Тоҷикистон”, “Баҳисобгирии омилҳои экологӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ”, “Имкониятҳои бахши хусусӣ барои баҳрабардорӣ аз маблағгузории “сабз””, “Таҷрибаи муваффақ дар татбиқи технологияҳои сабз дар амал”, “Кадом технологияҳо дар бозор бештар талабот доранд” ва дигар масъалаҳои ба ин мавзуъҳо дахлдор мавриди баррасии коршиносон қарор дода шуданд. 

    Ташкилкунандагони семинар-машваратии миллӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Барномаи рушди СММ мебошанд.