Мизи мудаввар дар мавзуи “Маблағгузории иқлимӣ ва ҷалби бахши хусусӣ дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим
24 июни соли ҷорӣ бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ ва Дафтари Британияи Кабир оид ба рушд дар Осиёи Марказӣ дар меҳмонхонаи “Ҳайятт Реҷенси Душанбе” мизи мудаввар баргузор мегардад.
Дар чорабинии мазкур ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳои марбута, ҳамоҳангсозон, коршиносони байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуда, масъалаҳои маблағгузории иқлимӣ, рушди технологияҳои сабз, рушди нақлиёти сифр “Партов” (СО 2), “Барномаи кишварии сармоягузории фонди иқлими сабз барои солҳои 2022-2025 дар Тоҷикистон”, талаботи фонди иқлими сабз оид ба интихоби лоиҳаҳо ва дигар паҳлуҳои вобаста ба мавзуъҳои болозикр баррасӣ мегардад.
Ҳадаф аз чорабинӣ ин муаррафӣ намудани имкониятҳои дастарасии вазорату идораҳои дахлдор, бонкҳои тиҷоратӣ ва бахши хусусӣ ба сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ аз фондҳои махсуси иқлимӣ (грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок) барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ дар самти мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонагӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.