Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 839
    21.06.2022
    21 июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и...

    Мизи мудаввар дар мавзуи “Маблағгузории иқлимӣ ва ҷалби бахши хусусӣ дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим»                                         

    IMG_4700.JPG

    21 июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ ва Дафтари Британияи Кабир оид ба рушд дар Осиёи Марказӣ ҷаласаи якуми гурӯҳии кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Нақшаи амал оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

    Дар ҷаласа муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон иштирок ва суханронӣ намуд.

    Намояндагони вазорату идораҳо, ки аъзои гурӯҳи корӣ дар таҳияи Нақшаи амал оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошанд, масъалаи мавриди назарро мавриди баррасӣ қарор дода, барои такмил додани он фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

    Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур ин муаррафӣ намудани имкониятҳои дастарасии вазорату идораҳои дахлдор, бонкҳои тиҷоратӣ ва бахши хусусӣ ба сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ аз фондҳои махсуси иқлимӣ (грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок) барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ дар самти мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.