Маҷлиси ҳарҳафтаинаи раиси Кумита
20 июни соли ҷорӣ маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 13 то 18 июни соли равон ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон пас аз шунидани ҳисоботи сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар намуда, аз фаъолияти нокифояи баъзе сохторҳои соҳавӣ изҳорӣ норозигӣ баён намуд.
Пас аз ин, ҳар як сардорони воҳидҳои сохторӣ оид ба фаъолияти ҳафтаинаи самти худ дар назди раиси Кумита маълумот доданд.
Баъд аз шунидани ҳисоботҳои ҳафта раиси Кумита ба ҳар як масъулони соҳавӣ оид ба дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корбарию коргузорӣ дастуру супоришҳо дод.
Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.