17 июн -Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ
Ҳамасола, 17 июн, дар кишварҳои олам Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ, (КМБ СММ) Гурӯҳи доимамалкунандаи байниминтақавӣ дар шакли «Осиёи Марказӣ-Россия» ташкил карда шуда, Тоҷикистон аллакай ба ин гурӯҳ шомил шудааст. Тибқи замимаи 15.3-и Ҳадафҳои рушди устувор барои то соли 2030 раванди мубориза бар зидди биёбоншавӣ, барқарорсозии заминҳои харобшуда, аз ҷумла заминҳои ба биёбоншавӣ, хушкӣ ва обхезӣ дучоршуда, инчунин кӯшиши рафъи вазъи душвор дар минтақа ҷараён дорад.
Соли 2021 дар доираи Конвенсияи мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Барномаи озуқавории СММ дар Тоҷикистон (ФАО) лоиҳаи «Тағйирёбии иқлим тавассути ҷорӣ намудани системаи энергияи офтобӣ барои обёрикунӣ» оғоз гардид. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа дар ду ноҳия - Ёвон ва Хуросон ҷойҳои намоишӣ бо насби шабакаҳои обтаъминкунии офтобӣ таъсис дода шуданд. Таҷҳизот ба баҳрабардорон барои истифодаи минбаъда дода шуд.
Лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳои миллӣ оид ба мубориза бо тӯфонҳои чангу ғубор ва идоракунии хушксолӣ дар Тоҷикистон» дар асоси Лоиҳаи озмоишии КМБ СММ дар Осиёи Марказӣ «Равишҳои минтақавӣ ба мубориза бо тӯфонҳои қум ва ғубор ва хушксолӣ» таҳия шудааст. Ин лоиҳа барои рушди ҳамкориҳо нигаронида шуда, ҳамоҳангии дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро дар саросари минтақа таҳким мебахшад. Он бо платформаи глобалии дастгирии қарорҳо робита ва ҳамкорӣ хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон, инчунин дар доираи амалишавии Конвенсияи СММ оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва Барномаи озуқавории СММ (ФАО) Барномаи «Барқарорсозии ландшафтҳо дар ҳавзаи баҳри Арал» ба нақша гирифта шудааст.