Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 583
    05.06.2022
    Бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва муассисаҳои соҳаи маорифи  шаҳри Ваҳдат...

    Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат                                       

    IMG_20220604_115021.jpg

    Бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва муассисаҳои соҳаи маорифи  шаҳри Ваҳдат дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳри мазкр бахшида ба 50-солагии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист барномаи идона баргузор гардид.

    Дар чорабинии идона муовинони раиси шаҳр, кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист, намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ширкат варзиданд.

    Дар рафти чорабинӣ хонандагон дар мавзуъҳои гуногуни марбут ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, истифодаи самараноки об, ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо баромад намуданд.

    Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат ба омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои экологӣ сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд