Кумаки моддӣ ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони яккаву танҳо ва аз ҷиҳати саломатӣ нуқсондошта 14 июни соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе кумаки моддии навбатӣ расонида шуд.
Кумаки моддӣ ба миқдори муайян, аз қабили орд 300 кг, равған 6 адад, картошка 100 кг, пиёз 100 кг, сабзӣ 100 кг, гушти гов 30 кг, шакар 50 кг, тухм маҳсулоти гуштии консервагӣ, қиёмширҳо, кӯлачаҳои қандин ва ғайра иборат буд.