Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар он муовини раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом, роҳбарони муассисаву ташкилотҳо, намояндагони хоҷагии манзиливу коммуналӣ, раисони ҷамоатҳо ва бахши маориф иштирок доштанд.
Бо суханони табрикӣ муовини раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом табрикоти раиси ноҳияро ба ҳозирин расонида, ба кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, ба роҳбарони муассисаву ташкилотҳое, ки дар беҳдошти муҳити зисти ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаву туҳфаҳо тақдим намуд.