Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 578
    04.06.2022
    Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба...

    Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар вилояти Суғд                             

    Сохил 3.jpg

    Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ба муносибати 50-ум солгарди Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар миқёси вилоят бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид.

    Дар аксия намояндагони ташкилоту идораҳо, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи умумӣ, шаҳрвандон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот, дар маҷмуъ беш аз 10,5 ҳазор нафар иштирок доштанд.

    Дар натиҷаи баргузории аксияи мазкур 41,6 километр соҳили манбаъҳои обӣ аз партовҳои гуногун, аз ҷумла партовҳои пластикӣ тоза гардида, ба партовгоҳои шаҳру ноҳияҳо 64,3 метри мукааб партовҳо интиқол дода шуданд.