Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 628
    05.06.2022
    Дар асоси нақшаи чорабинии тасдиқгардида, бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист...

    Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар шаҳри Панҷакент                          

    изображение_viber_2022-06-02_17-31-41-512.jpg

    Дар асоси нақшаи чорабинии тасдиқгардида, бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ва муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент дар Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм барномаи идона бахшида ба 50 солагии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист гузаронида шуд.

    Дар чорабинии идона кормандони шуъба, намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии №3, 30 ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ширкат варзиданд.

    Дар рафти чорабинӣ хонандагон дар мавзӯҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ, обшавии пиряхҳо, самаранок истифода бурдани об, ҳифзи замин ва партов баромадҳо намуданд.

    Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби кормандони шуъба ба омӯзгорон ва хонандагон барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои экологӣ сипосномаву туҳфаҳо тақдим карда шуд.