Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 839
    05.06.2022
    Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ...

    Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан


    Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

    Дар чорабинии идона раиси ноҳия Аъзам Ализода ва муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Бунёд Абдумаликзода ширкат варзида, сокинони ноҳияро ба ин муносибат табрик гуфтанд.

    Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист, таъкид намуд, ки “дар партави дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ барои татбиқи сиёсати экологӣ, ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои он тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам гардидааст.”

    Зикр карда шуд, ки ҳамасола чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, аксияҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар заминаи татбиқи Барномаи давлатии марбут ба баланд бардоштани маърифати экологӣ дар сатҳи зарурӣ баргузор карда мешаванд.

    Пас аз суханрониҳо ба як зумра роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои саҳми арзанда дар тозагии муҳит Сипосномаву туҳфаҳо супурда шуд.

    Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, озмуни экологии “Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст” доир гардид, ки дар он аз ҷониби аҳолӣ, омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён доир ба ҳифзи табиат, ҳалли масъалаҳои экологӣ, саҳми Тоҷикистон ва ташаббусҳои созандаи Певшои миллат дар баррасии мушкилоти оби сайёра мақолаҳо ба нашр расиданд.

    Ғолибони озмуни мазкур бо Диплом ва тӯҳфаву мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд.

    Дар охир барномаи рангини консертии кормандони бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро шаҳомати хоса бахшид.

     IMG-20220606-WA0048.jpg  IMG-20220606-WA0051.jpg  IMG-20220606-WA0058.jpg