Иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зистдар панелҳои мавзуӣ
Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарият ва мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вохӯрию форумҳо ва панелҳои мавзуӣ иштирок ва суханрониҳо намуданд.
Аз ҷумла 8 июн кормандони мақомоти соҳавӣ дар панелҳои мавзуӣ, чорабиниҳои канорӣ ва панелҳои интерактивӣ, ки дар масъалаҳои “Такон бахшидани амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ”, “Баланд бардоштани устувории захираҳои об дар шаҳр ва деҳот”, “Тақвият бахшидани ҳамбастагии об ва саломатӣ чун вокуниш ба чолишҳои ҷаҳонӣ пас аз COVID-19”, “Пешбурди ҳалли табиии масоили захираҳои об, сифати об ва экосистемаҳо”, “Суръатбахшии дастрасӣ ба шароити бехатарии таъмини оби нӯшокӣ, санитария ва гигиена, касеро канор нагузошта”, “Ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об”, Инфрасохтори устувор ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ”, “Оқибатҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба манбаъҳои обии Осиёи Марказӣ”, “Захираҳои об ва иқлим: Тақвият бахшидани ҳамбастагӣ”, “Берун баромадан аз чаҳорчӯбаи об ва мусоидат ба ҳамгироӣ дар ҳамаи самтҳо”, “Пешбурди ҳаллии илман асоснокнамудаи масоили об, воситаҳо ва технологияҳо” дар Маҷмааи “Кохи Сомон” доир гаштанд, иштирок ва табодули афкор намуданд.