Ҷаласаи машваратии директорони марказҳои экологии минтақавии Осиёи Марказӣ
7 июни соли 2022 дар доираи Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки рӯзҳои 6-9 июни соли ҷорӣ дар ш. Душанбе ҷараён гирифта истодааст, дар толори дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратии директорони марказҳои экологии минтақавии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи ҷаласа Жалдасов Зулфухар, раисикунандаи раёсати марказӣ суханронӣ намуда, ҳиссаи ҳайати иштирокдоронро барои тасдиқ пешниҳод кард.
Зафар Маҳмудов, директори иҷроияи Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ (МЭМОМ) дар бораи иҷрои супоришҳои директори иҷроия аз рӯи натиҷаҳои маҷлиси 53-юми Шӯрои мудирони МЭМОМ бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуд.
Ҳамзамон, иштирокдорон масъалаҳои лоиҳаи маблағгузории институтсионалии SDC, муаррифии KPI-индикаторҳои асосии фаъолияти Филиали МЭМОМ дар Тоҷикистон, мудирияти комиссия, аз ҷумлаи аъзоёни Шӯрои мудирон оид ба интихоби номзад ба вазифаи директори Филиали МЭМОМ дар Ҷумҳурии Қирғизистон, натиҷаи таҳлилии механизми пардохти музди меҳнати Филиали МЭМОМ, тафтиши дохилӣ оид ба масъалаҳои кадрҳо ва дигар масъалаҳои марбутаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар интиҳои ҷаласа масъалаҳои мазкур натиҷагирӣ карда шуда, иштирокдорон ба хулосаи ниҳоӣ расиданд.