Пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим: Ҳамкории минтақавӣ барои рушди устувор
7 июн дар Маҷмааи “Кохи Сомон” дар шаҳри Душанбе, дар доираи Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки рӯзҳои 6-9 июни соли ҷорӣ дар ш. Душанбе ҷараён дорад, бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони як қатор давлатҳо ва шарикони рушд чорабинии канорӣ дар мавзуи “Пиряхҳо ва тағирёбии иқлим: Ҳамкории минтақавӣ барои рушди устувор” доир гардид.
Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ директори Агентии обуҳавошиносии Кумита Қурбонзода А.Ҳ. ва директор оид ба масъалаҳои об ва яхшиносии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Йоханс Колман оғоз намуданд.
Дар суханронии ҷонибҳо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 2 ноябри соли 2021 дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо хотиррасон гардида, ҳамчунин ҷиҳати зарурати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ибрози назар карда шуд, ки иштирокчиёни чорабинии канорӣ бо ҳавасмандӣ аз он ҷонибдорӣ намуданд.
Сипас дар қисмати якуми чорабинӣ дар мавзуи “Ҳамкориҳои минтақавӣ барои рушди устувор” намояндагони шарикони рушд ва кишварҳои шарик дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири он, мутобиқшавӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, равандҳои хатарноки хусусияти гидрометеорологидошта, пешгӯӣ ва пешгирии онҳо, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ва ҳамчунин ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ дар мавзуи “Пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим: роҳҳои татбиқи сиёсати иқлимӣ” масъалаҳои қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мониоторинги пиряхҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, раванди таназзулёбии пиряхҳо ва сиёсати милливу минтақавӣ ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
Иштирокдорони чорабинии канорӣ дар рафти баррасии масъалаҳои пешниҳодгардида фаъолона иштирок намуда, дар хотимаи он ҳамовозии худро ҷиҳати эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо иброз доштанд.