Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 893
    07.06.2022
    7 июни соли 2022 мулоқоти Шерализод Баҳодур Аҳмадҷон...

    Вохӯрии раиси Кумита бо ҳайати Федератсияи Россия


    7 июни соли 2022 мулоқоти Шерализод Баҳодур Аҳмадҷон, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия Александр Александрович Козлов дар доираи Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.

    Дар ҳошияи ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мониторинги пиряхҳо ва истифодаи таҷрибаи Федератсияи Русияро барои табодули таҷрибаи кормандон баррасӣ карданд. Масъалаи минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда низ дар маркази баҳси ҷонибҳо буд.

    Масъалаҳои истиқлолияти иттилоотӣ оид ба масъалаҳои гидрометеорологӣ, бахусус пешгӯӣ ва мониторинги ҳифзи муҳити зист низ баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия изҳори назар карданд.  

    IMG_4381.JPG  IMG_4390.JPG