Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 855
    06.06.2022
    6 июни соли 2022 мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити...

    Мулоқоти раиси Кумита бо ҳайати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)                                         


    6 июни соли 2022 мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализод Баҳодур Аҳмадҷон бо муовини директори генералии ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиатшиносӣ хонум Шамила Наир-Бедуэл дар доираи Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028», баргузор гардид.

    Дар ин дидор ҷонибҳо дар чаҳорчӯбаи Барномаи «Инсон ва биосфера» бунёди геопаркҳо ва мамнӯгоҳҳои биосфериро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни мулоқот хонум Шамила Наир-Бедуел аз имконоти бузурги Тоҷикистон барои бунёди мамнӯъгоҳҳои биосферӣ ва геопаркҳо ёдовар шуд.

    Ҳамчунин, рафти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва дурнамои таҳкими иқтидори Маркази пиряхшиносии Агентии обуҳавошиносии кишвар баррасӣ шуд.

    Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) андешаҳои худро иброз доштанд.

     IMG_4191.JPG  IMG_4197.JPG