Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 809
    06.06.2022
    6 июни соли 2022 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити...

    Мулоқоти раиси Кумита бо ҳайати Комиссияи Аврупо оид ба масъалаҳои экологӣ                                      


    6 июни соли 2022 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализод Баҳодур Аҳмадҷон дар доираи Конфронси 2-юми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028” бо роҳбари ҳайати Комиссияи Аврупо оид ба масъалаҳои муҳити зист ҷаноби Виргиниюс Сикевичус мулоқот анҷом дод.

    Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими тавонмандии Агентии обуҳавошиносӣ, бахусус Маркази пиряхшиносиро ҷиҳати назорати вазъи пиряхҳо бо истифода аз фанновариҳои муосир баррасӣ карданд.

    Масъалаҳои маърифати экологӣ, коркарди партовҳо, мониторинги муҳити зист, минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда ва таҳияи меъёру стандартҳои мониторинги об ва ҳавои атмосфера низ баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо дар рафти мулоқот доир ба дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Аврупо оид ба масъалаҳои экологӣ изҳори назар карданд.

     IMG_4268.JPG  IMG_4271.JPG  IMG_4280.JPG  IMG_4291.JPG