Таҷлили рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар вилояти Хатлон
Бахшида ба Рӯзи умумҷаҳонии муҳити зист, дар маркази вилояти Хатлон чорабинии бошукӯҳи маърифатию фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, масъулину кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти ва бахшу шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.
Сараввал меҳмонон аз намоишгоҳи экологӣ, ки дар он ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо гӯшаҳои алоҳидаи худро ташкил карда, макети гӯшаву мавзеҳои табии кишвар аз ҷумла обанбору нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва маҳсули тахайюлу ихтирокории наврасони табиатдӯст иборат буд, дидан намуданд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Юсуфҷон ва муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода ҳамагонро ба ин муносибат шодбош гуфта, ёдовар гардиданд, ки маҳз бо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишовар иқдомҳои бузург дар масъалаҳаи беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва об натанҳо дар сатҳи мамлакат балки дар миқёси ҷаҳон пешниҳоду мавриди амал қарор доранд.
Дар вазъияти муносиб ба як қатор мутахассисони соҳа ва кормандони дигар ташкилоту идораҳо, ки бо фаъолияти назарраси худ дар баргузории чорабиниҳои самти ҳифзи муҳити зист, ба хусус ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, аксияҳои тозагии маҳал ва соҳил, озмунҳои гуногуни экологӣ миёни ҷавонону наврасон ва дар маҷмӯъ баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинони вилоят саҳми арзанда гузоштаанд бо диплом ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд.
Баҳри истироҳату фароғати иштирокчиёни чорабинӣ ва сокинони маркази вилоят шаҳри Бохтар барномаи мукаммали фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони раёсати фарҳанги вилоят ва сарояндагони шинохтаи кишвар пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.