Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
6 июни соли 2022 таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ҷаласаи навбатии Кумита оид ба натиҷаҳои фаъолияти моҳи майи соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои моҳи ҷорӣ баргузор гашт.
Пас аз ифтитоҳи кори ҷаласа аз ҷониби муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З. С. сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, кадастр ва обуҳавошиносӣ Шукуров И. бо маърӯзаи ҳисоботии таҳлилӣ баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти моҳонаи мақомоти соҳавиро пешниҳод намуд.
Сипас вобаста ба гузориши ҳисоботии маърӯзачӣ муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. масъалаҳои ҷории фаъолияти сохторҳоро аз масъулон пурсон шуда, дар ин баробар барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта оид ба пешбурди назорати давлатӣ ва дигар фаъолияти ҷории сохторҳои соҳавӣ супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир, вобаста ба баррасии масъалаҳои ҷорӣ, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдор қабул карда шуд, ки барои корбарӣ ба масъулони дахлдори соҳавӣ фиристода мешавад.