Тантанаҳои идона бахшида ба 50-солагии таъсисёбии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист
Ҳамасола 5 июн Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зистро беш аз 150 кишвари дунё таҷлил менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар ҳалли масъалаҳои мубрами экологии ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ин аст, ки баробари кишварҳои дигари сайёра ин рӯзи ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Аз ҷумла 3 июни соли равон бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар МД “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе чорабинии таблиғотию фарҳангии сатҳи баланд бахшида ба 50-солагии таъсисёбии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист баргузор гашт. Дар ин чорабинии бошукӯҳ кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, собиқадорони соҳа, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шарикони байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма, доираи васеи сокинону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ намоишгоҳи муҳташам оид ба дастовардҳои муассисаҳои маориф, мақомоти марбутаи давлатӣ, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи корхонаҳои саноатӣ ба маъраз гузошта шуд. Ҳайати роҳбарон ва меҳмонон аз дастовардҳои дар намоишгоҳ гузошташуда дидан намуда, барои дар сатҳи баланд ташкил намудан дар чорабинии мазкур ба онҳо баҳои баланд доданд.
Дар қимсмати дигари чорабинӣ сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат, муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бо суханони табрикотӣ баромад намуданд.
Сипас дар фазои тантанавӣ ба як қатор фаъолон оид ба мусоидат дар ҳифзу беҳдошти муҳити зист, инчунин ғолибони озмуни “Душанбе-шаҳри гулрез” ва ғолибони озмун дар мавзуи “Оқибати зарари партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ ба муҳити зист” бо сипосномаҳо, диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати дигари чорабиниӣ барномаи идонаи фарҳангӣ намоиш дода шуда, санъаткорони театрию мусиқавӣ бо ҳунари волои худ хотири иштирокдоронро шод гардониданд.