Мулоқоти раиси Кумита бо ҳайати Дафтари Швейтсарӣ оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон
2 июни соли 2022 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо ҳайати Дафтари Швейтсарӣ оид ба ҳамкорҳо дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим дар доираи Ёддошти тафоҳум байни кишварҳо оид ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим баргузор гардид.
Сардори Дафтари Швейтсарӣ оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон хонум Саломе Штайб ҷиҳати рафти иҷрои лоиҳаҳо дар мавзӯъҳои «Пешниҳоди хадамот оид ба масъалаҳои обу ҳаво, об ва иқлим» ва «Мушоҳида ва моделсозии криосфера барои беҳтар кардани мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ» маълумот дода, барои дастгирӣ дар татбиқи лоиҳаҳои мазкур изҳори сипос намуд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумита Шерализода Б.А. доир ба дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари Швейтсарӣ оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон изҳори назар намуд.