Мизи мудаввар бо иштироки шарикони рушд
3 июн дар толори конфронсии мехмонхонаи “Серена” – ш. Душанбе мизи мудаввар бахшида ба 50-умин солгарди таъсисиёбии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар ҳамкорӣ бо Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳамзамон роҳбарон ва намояндагони як қатор созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе, ФАО, GIZ, Фонди Оғохон, Иттиҳоди Аврупо, КАРИТАС, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва дигарон иштирок намуданд.
Чорабиниро раиси Кумита бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳамаи ҷамъомадагонро бо ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар пойтахти Тоҷикистон бо Конференсияи сатҳи баланд оид ба Даҳсолати байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 2028”, ки баргузориаш рӯзҳои 6-9 июн дар назар аст, мувофиқ афтодааст. Зимни суханронӣ ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти обу иқлим ва беҳдошти муҳити зист ишора гардид.
Дар мизи мудаввар аз ҷониби сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. рӯйнамо оид ба сиёсати экологӣ, барнома ва стратегияҳои давлатии соҳавӣ, афзалиятҳо ва самтҳои асосии ҳамкориҳо дар самти муҳити зист ва тағйирёбии иқлим пешниҳод гардид. Сипас намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба ин мавзуъ ба музокира баромаданд.
Дар ҷамъбасти нишаст раиси Кумита аз ҳозирин барои иштирок дар чорабинӣ арзи сипос намуда, махсусан тақвияти ҳамкориҳоро дар самти ҷоннок намудани кори зергурӯҳи комиссияи ҳамоҳангсозии донорӣ доир ба иқлим ва об таъкид намуд.