Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист
50-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зистро ба ҳамаи ҳамккорон, дӯстдорону муҳофизони табиат сидқан муборакбод менамоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар пешниҳоду баррасии масъалаҳои глобалӣ дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст. Ин аст, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба маркази баргузории ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист табдил ёфтааст. Имрӯзҳо як қатор намояндагони давлатҳои дунё барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки ин ҳама шаҳодати сиёсати башардӯстона ва табиатдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ба табиат оқилона муносибат кардан ва чун гавҳараки чашм муҳофизат намудани он вазифаи муқаддастарини ҳар фарди худогоҳу дурандеш аст.
Мақсади ниҳоии мо ин аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии марказию маҳаллӣ, коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, мавқеи ҷамъиятӣ, ватанпарастию табиатдӯстии ҳар як узви ҷомеаи моро фаъол намоем, то ки Ватани азизамон боз ҳам пешрафта, ободу зебо тозаву гуворо гардад.
Бигузор ҳар як фарди Ватани соҳибистиқлоламон дар ободию тозагии шаҳру диёри худ, ҳифзи гуногунии табиати диёрамон саҳмгузору фаъол бошад.
Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист муборак, муҳофизон ва дӯстдорони табиат!