Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 681
    21.05.2022
    Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи...

    Чорабниҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ                 


    Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ 21 майи соли ҷорӣ дар деҳаҳои Истиқлол, Румӣ, Ҳоҷиён ва Карахон, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти М. Турсунзода ва Сомониёни ноҳияи мазкур аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

    Дар рафти баргузории аксияҳои мазкур 75 нафар сокинони ҷамоатҳои номбурда иштирок намуда, 300 метр соҳили канали «Куктоши поён», 800 метр шафати роҳҳо аз алафҳо ва партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуд.

    Дар натиҷа 8,5 м3 партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.