Мизи мудаввар дар доираи амалисозии Барномаи давлатии соҳавӣ ва Конвенсияи Орхус дар вилояти Суғд
Дар «Озмоишгоҳи инноватсионӣ»-и Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Конвенсияи Орхус дар вилоят мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкур барои минбаъд муайян намудани нақшаи ҳамкорӣ ва такон бахшидани раванди иҷрои Барнома дар соҳаи маориф бахшида шуда, дар рафти кори он роҳбарони маҳфилҳо, мудирони шуъбаи табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зисти марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров ва Ашт иштирок намуданд.
Мувофиқи барномаи мизи мудаввар аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, роҳбари Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», фаъолияти Маркази Орхус ва Конвенсияи Орхус, ҳамчунин лоиҳаи раҳнамо барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ «Дастур оид ба таълими иловагии экологӣ», фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилоят, шиори 5 июн – Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар соли 2022 ва дар бораи муаммоҳои экологии замони муосир баромаду рӯнамоҳо пешкаши иштирокдорон гардид.