Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 739
    21.05.2022
    Тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби нозирони...

    Баргузории амалиёти санҷиши аналитикии воситаҳои нақлиёт      

    image_6483441 (1).JPG

    Тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои назоратию фаврии гуногун гузаронида шуд.

    Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсати вилоят ва шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд.

    Дар рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид.

    Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба Бозрасии давлатии автомобилии шаҳру ноҳия ирсол гардид.