Аксияи «Дарёи Сир-зеби Хуҷанд»
Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор истиқбол намудани 25 солагии Ваҳдати миллӣ, 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соҳили дарёи Сир аксияи умумишаҳрии «Дарёи Сир-зеби Хуҷанд» ташкил ва гузаронида шуд.
Ба аксияи мазкур беш аз 400 нафар муҳассилини литсейи касбӣ-политехникии №44, литсейи касбӣ-техникии №56 ва сокинони маҳаллаҳо ҷалб гардиданд.
Ҳашарчиён аз ду канори дарё алафҳои худрӯйи соҳил, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ ва ғайраҳоро ба пуррагӣ тоза намуда, баҳри мунаввар ва боз ҳам зебо шудани дарёи Сир мусоидат намуданд.
Таъкид шуд, ки бояд шаҳрвандон дарк намоянд, ки дар ҳама ҳолат муҳимтарин вазифаи инсоният ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро мо ҳамарӯза аз ҳавои тоза нафас мекашем, ҳавои ғализ ва чиркин ба саломатии мо хавф эҷод намуда, ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад. Дарёи Сир ҳамчун мавзеи сайёҳгузор бояд ҳамеша тозаю озода бошад.