Таҷлили Рӯзи байналмилалии Замин дар Литсейи касбӣ политехникии шаҳри Хуҷанд
Дар асоси барқияи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин, дар асоси нақшаи корӣ дар Литсейи касбӣ политехникии ш. Хуҷанд вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар он мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд, омӯзгорону донишҷӯёни литсей иштирок доштанд.
Баромадкунандагон доир ба муаммоҳо, ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои замин дар замони муосир, ташаккули мавқеи фаъоли донишҷӯён дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, роҳҳои татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 суханронӣ намуданд.