Шанбегии умумишаҳрӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва иқдомҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор санаи 14 майи соли ҷорӣ дар ҷамоатҳои Деҳқонобод, Сомон ва шаҳраки Ҳисор шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар маъракаи мазкур беш аз 350 нафар сокинони ҷамоатҳо ва кормандони сохторҳои маҳалии шаҳр фаъолона иштирок намуда, минтақаҳои аҳолинишинӣ, атрофи биноҳои маъмурӣ, соҳили каналу ҷуйҳоро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуданд.
Дар натиҷа 3,5 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд.