Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дар асоси нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар ҳамкорӣ бо нозирони БДА амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид.
Дар рафти амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ), ҳамагӣ 43 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷа нисбати 10 адад ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳия, вобаста аз ҷойи истиқомат ирсол гардид.