Вохӯрии раиси Кумита бо ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ
16 майи соли 2022 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо ҳайати миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузории “Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал" баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ раванди татбиқ ва чорабиниҳои амалишудаи лоиҳаи мазкур дар давоми соли 2022 ва нақшаи кории марҳилаи навбатӣ барои то давраи анҷоми муҳлати он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Роҳбари ҳайати миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷаноби Ҷеймс Брайант Колиер аз раванди татбиқи лоиҳа изҳори розигӣ намуда, қайд кард, ки новобаста ба баъзе мушкилоти маблағгузорӣ Кумита ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Раиси Кумита Шерализода Б. А. зимни баёни андеша оид ба беҳтар намудани натиҷаҳои лоиҳа ва самаранок истифода намудани маблағҳои пешбинишуда якчанд таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.