Аксияи экологии «Тозагии соҳил» дар ВМКБ
Санаи 7 майи соли равон бо дастури Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ ҷиҳати амалишавии фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2022, №1 ва нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар кӯчаи Тошмуҳаммедови шаҳри Хоруғ аксияи экологии «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 30 нафар ризокорон иштирок намуда, як км масоҳатро аз партовҳои ҳарҷоӣ тоза карданд.
Дар ҷараёни аксия дар ҳаҷми 1м3 партовҳои сахти маишӣ аз соҳили дарёи Ғунд ҷамъоварӣ гашта, ба партовгоҳӣ бароварда шуд.
Ҳадафи баргузории аксияҳои мазкур тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёҳо, каналу ҷӯйборҳо мебошад.