Вохӯрӣ дар Маркази бозомӯзии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент
Бо мақсади пешгирии вайроншавии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» дар Маркази бозомӯзии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби кормандони соҳавӣ дар маҳал бо иштироки намояндаи шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон дар минтақаи Зарафшон вохӯрӣ баргузор гардид.
Тибқи пешниҳоди мақомоти прокуратураи шаҳри Панҷакент дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитхои ба онҳо мусоидаткунанда, ҷиҳати ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ба иштирокдорон оид ба истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум, талаботи қонунҳои амалкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти мазкур маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар интиҳо иштирокчиён ба саволҳои худ вобаста ба роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо ҷавобҳои мушаххас гирифта, гузаронидани вохӯриро муфид ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ барои пешгирии вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби шаҳрвандон, истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои табиии зеризаминӣ мусоидат менамояд.