Сафари ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Аз 4 то 11 майи соли равон ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи як сафари ҷавобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
Дар доираи чорабиниҳои пешбинишуда ҳайати сохтори мазкури давлати бародари ҳамсоя як қатор вохӯриву сафарҳо, аз ҷумла бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон вохӯрӣ доир намуданд.
Инчунин, бо мақсади табодули таҷриба ба мамнӯъгоҳи биосферии «Ромит», мамнӯъгоҳи давлатии «Дашти Ҷум»-у «Бешаи Палангон» як қатор сафарҳо ташкил карда шуданд. Аз ҷониби роҳбарият ва кормандони ин муассисаҳо ба меҳмонони ҷумҳурии ҳамсоя оид ба фаъолияти ташкилотҳои болозикр маълумоти муфассал дода шуд.
Аз ҷумла, дар назди меҳмонон як қатор баромадҳо сурат гирифта, бо муассисаҳои асосии тобеи Кумита вохӯриҳо баргузор шуданд.
Дар доираи чорабиниҳои ҷамъбастӣ ҷонибҳо зарурати амиқтари ҳамкориҳоро дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла гуногунии биологӣ қайд намуданд.
Дар доираи барномаии фарҳанги меҳмонони Ҷумҳурии Узбекистон аз мавзеҳои ҷаззобу дидани ва сайёҳии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе – аз ҷумла, Боғи ботаникии шаҳри Душанбе, маҷмааи “Кохи Наврӯз” ва Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.