Баргузории ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита
10 майи соли 2022 ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаи қаблии сохторҳои Кумита ва зерсохторҳои он, супоришҳо барои ҳафтаи аз 10 то 14 апрели соли ҷорӣ баргузор гашт.
Пас аз ифтитоҳи кори ҷаласа аз ҷониби раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, кадастр ва обуҳавошиносӣ Шукуров Исфандиёр бо маърӯзаи ҳисоботии таҳлилӣ баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаинаи мақомоти соҳавиро пешниҳод намуд.
Сипас вобаста ба гузориши ҳисоботии маърӯзачӣ раиси Кумита Шерализода Б. А. масъалаҳои ҷории фаъолияти сохторҳоро аз масъулон пурсон шуда, дар ин баробар барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдшта ва боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани корбарию коргузорӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, пеш аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорат Салимзода Ш. оид ба сари вақт иҷро нашудани баъзе бандҳои протоколҳои ҷаласаҳои қаблии раиси Кумита гузориш дод.
Дар охир, вобаста ба баррасии масъалаҳои ҷорӣ, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдор қабул карда шуд, ки барои корбарӣ ба масъулони дахлдори соҳавӣ фиристода мешавад.