Мулоқоти Раиси Кумита бо Директор оид ба рушди Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушд (FCDO)
12 майи соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бо Директор оид ба рушди Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Мирза Ҷаҳанӣ баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба натиҷаҳои Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим, ки моҳи ноябри соли 2022 дар Шарм-эл-Шайхи Миср баргузор мешавад, баррасӣ гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои сафарбаркунии захираҳо ва саҳми эҳтимолии Департаменти корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушд (FCDO) дар масъалаҳои баланд бардоштани иқтидор оид ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим низ баррасӣ шуданд.
Инчунин, раиси Кумита баргузории Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон масъалаи аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.